Зеҳн
УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 132 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Бале, аз кӣ?
– Аз ту... Нигоҳат тез буд. Зоҳиран сода, вале дар айни замон бисёр зирак менамудӣ. Хаёлам, ки аз дилам чӣ мегузарад, ҳамаашро мефаҳмӣ.
– Ту дар ин бора ба ман ягон маротиба гап назадаӣ.
– Рост. Гап задан ҳам намехостам. Лекин ҳоло... Сарулибосат озода буд; худат чаққон, чашмонат равшан, чеҳраат кушода... Аз чӣ бошад, ман ба ту боз як бор назар давонда, фикр кардам, ки яқин дар деҳа калон шудаӣ, аммо ҳамсолони шаҳриат ба ту баробар омада наметавонанд.
– Сабаб?
– Намедонам. Баъзан мешавад, ки одам дар фаҳмондани фикраш, ин ё он ҳиссиёташ оҷизӣ мекашад.
– Хоҳад, мефаҳмонад. Аз худи одам вобаста...
– Хулоса, ман шарм медоштам. Баъд ту дастатро пок карда, ба табассум гуфтӣ, ки то шумо нагиред, мо намегирем.
Ҳаяҷонам бештар гардида, ман аввал ба табақ, пас ба ту нигаристам ва чӣ ҷавоб доданро надониста, беихтиёр гуфтам, ки ман харбуза намехўрам. Чӣ мехўред...
пурсидӣ ба ҳамон чеҳраи кушода, ба ҳамон чашмони равшан.
– Аҷаб, дар ёд надорам.
– Тарбуз гуфтам ман, агарчи он лаҳза дилам танҳо харбуза мехост....
– Пас маро фиреб додӣ?
–
...Ту зуд аз ҷой хестӣ ва ҳозир гўён берун рафтӣ. Духтарҳо хандиданд. Рафиқат ҳам механдид. Баъд аз рафтани ту ман худро озод ҳис карда, ду-се карч харбуза хўрдам.
Ниҳоят, аз байн ним соат нагузашта, дар бағал як тарбузи калон, гашта омадӣ.
Хурсанд будӣ. Аҷаб, ки ман ҳам дарундарун шодӣ мекардам.
– Инашро умуман дар хотир надорам.
– Бале, ту дар хотир надорӣ. Чунки рафторат тасодуфӣ буд. Ман инро пас аз хонадор шудан донистам; донистам, ки чунин содагӣ ба табиати ту ҳеҷ мувофиқ нест... Лекин ман аз ҳамон рўз ба ту дил бастам.
– Ман ҳам...
– Баъд ту маро дар ғояти адаб то ин бино гусел кардӣ. Раҳораҳ фаҳмидам, ки дар университет мехонӣ. Аз ман як курс боло...
Чой гир.
– Ташаккур, бисёр нўшидам.
– Пас аз ду сол хонадор шудем. Ман ҳис мекардам, ки падарам ба ин издивоҷ розӣ нест. Аммо вай дардашро фурў бурда, маро ба ихтиёри худам гузошт. Чунки ман ягона фарзандаш будам; ҳам ба ҷои писар, ҳам ба ҷои духтар...
– Ту гуфтӣ, ки вай маро бисёр бад медид.
– Сабр кун... Падарам одами касалманд буд. Вай дар ҷавониаш ба мухолифони сохти шўравӣ ҷангида, чанд бор захмӣ мешавад. Баъде ки онҳо торумор мегарданд, дар завод кор мекунад. Аз рўи гапи дўстонаш нағз кор мекардааст, мардуми ҳаромхўрро чашми дидан надоштааст... Вақте ки ҷанг сар мешавад, зуд ариза дода, дар қатори аввалинҳо ба майдон меравад ва ба ҳамин рафтан соли чилу шаш бармегардад.
– Ман инро медонам.
– Вале ту намедонӣ, ки вай то охири умр чӣ тавр азоб мекашид!
– Ба назарам одами бақувват буд...
– Баъзан модарам оби дида рехта, дар алам мегуфт, ки танаш мисли ғирбол... Вай ўро бисёр дўст медошт. Чунон дўст медошт, ки... Вақти ба дунё омадани ман падарам чилудусола будааст. Модарам аз вай понздаҳ сол хурд буд. Онҳо дер хонадор мешаванд... Ту медонӣ мо аввал дар куҷо зиндагӣ мекардем?
– Мегуфтӣ, ки ҳавлӣ доштед...
– Рост, ман ба ту бисёр мегуфтам. Аммо ҳар чӣ аз кўдакиам ё дар бораи падарам мегуфтам, ба як гўшат даромада, аз гўши дигарат мебаромад.

пешина
аз 132
навбатӣ