Зеҳн
УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 132 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Чӣ кай?
– Модаратро дар назар дорам.
– Ним сол шуд.
– Нағз гўрондед?
– Аҷаб…
– Барои чӣ заҳрханд мекунӣ?
– Вай худаш ғами дафнашро хўрда буд.
Боз... ҳама аз вай розӣ буданд. Бале, муҳиммаш ин ки ҳама аз вай розӣ буданд.
Ба фарзанди инсон некӣ кунад... мекард, аммо ҳаргиз бадиро раво намедид.
Осуда ҷон дод. Бе ҳеҷ талвоса, ором, батаҳаммул...
– Тирезаро пўшам, хунук хўрдӣ...
– Лозим не. Бўи бодиринг меояд.
– Чӣ?!
– Бўи бодиринг мегўям. Бўи борон...
– Ҳоло ҳам ту ҳамон духтари даҳ сол пешина. Қариб дигар нашудаӣ.
– Аммо ту ҳар рўз дигар мешудӣ.
– Чӣ хел?
– Худат нағз медонӣ. Боз ҳайрон монда, гаранг китф барҳам мекашӣ...
– Чӣ илоҷ, зиндагӣ! Одам дар пасту баланди зиндагӣ хоҳнохоҳ дигар мешавад.
– На ин ки зиндагӣ одамро, балки одам бояд зиндагиро дигар кунад.
– Ба гуфтан осон.
– Ту падари маро мешинохтӣ?
– Аҷаб саволе!
– Не-е, ту ўро ҳаргиз намешинохтӣ.
– Ду соли дароз ҳамроҳ зиндагӣ карда...
– Чӣ инсон буданашро намедонистӣ.
– Шояд.
– Шояд не, рост! Лекин вай одамшинос буд. Вай туро бисёр бад медид.
– Наход?
– Тамасхур накун. Ман ба ту ягон бор дар ин хусус гап назадаам. Чунки баъд аз ҷудо шудан ҳам… ба ҳар ҳол раҳматро мехўрдам, кам ё беш... ба ту бовар доштам.
Аммо пас аз ин корат...
– Кадом корам?
– Рўзе ки шунидам хонаро иваз карда, Маскав рафтаӣ, дилам тамоман аз ту монд. Як даҳан нагуфта, як зарра нафаҳмонда...
– Иваз карда бошам, чӣ зарар дорад?
Духтарат калон шуда, эҳтимол хондан равад. Дар Маскав барин шаҳри бузург сарпаноҳи беминнат...
–
...Ман он рўз гашта ба ёд овардам, ки падарам нахустин моҳи хонадории мо дар ҳаққи ту гуфта буд: аз вай одамгарӣ намебарояд! Фақат як маротиба... вале сахт гуфта буд.
– Ҳар кӣ бошам, ман ҳам падар ном дорам. Ёфту тофтам фардо ба Гуландом насиб мекунад, на ба каси дигар.
– Ҳамон фардо кай?
– Аввал ҳимоя кунам...
– Беинсоф ту! Агар инсоф медоштӣ... Се сол боз ба вай ҳатто як куртача нахаридаӣ. Ман аз хонаат ғайр аз сарулибосам хас нагирифта будам.
– Гуфтам-ку: аввал рисолаамро ҳимоя кунам, корам ривоҷ ёбад, пулдор шавам.
– Ту аз ин гапҳои ман гумон набар, ки мо ягон тамаъ дорем. Не, ба мо аз ту ҳеҷ чиз лозим не! Тану ҷонамон сиҳат бошад, кифоя...
– Воқиан, вай дар куҷо?
– Кӣ?
– Гуландом.
– Дар хонаи амакам.
– Барои чӣ?
– Барои он ки ман фардо дар бемористон хоб мекунам.
– Ғам нахўр, ҳамааш дуруст мешавад.
Ҳоло илми тиб хеле пеш рафтааст. Дардат ҷиддӣ?
– Гуфтам-ку: намедонам.
– Хайр... Тирезаро пўшам?
– Боз тиреза!
– О хунук мехўрӣ. Рангатро бин…
– Ту ин хонаро дар ёд дорӣ?
– Фаромўш накардаам.
– Ману ту қариб ду сол дар ҳамин ҷо зиндагӣ доштем.
Гуландом дар ҳамин хонаҳо пой баровард.
– Рост. Ман ба вай нигариста, аз хурсандӣ курта-курта гўшт мегирифтам.
– Мо дар куҷо шинос шуда будем?
– Дар хобгоҳи институти палитехникӣ.
– Бале, ман он рўз ба назди дугонаҳои ҳамдарсам рафта будам. Баъд ту омадӣ, ба як рафиқат. Харбуза бардошта омадед...
– Ёд дорам. Ту аз шарм намедонистӣ чӣ кор кунӣ.
– Духтарҳо шуморо нағз пешвоз гирифтанд. Онҳо ба шумо шинос будаанд.
Рафиқат харбуза кушта, маро ҳам муроот кард. Аммо ман шарм дошта, ба табақ даст бурда наметавонистам. Ту шояд мепурсӣ
– аз кӣ...

пешина
аз 132
навбатӣ