Зеҳн
УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 132 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Ҳама гапи оламро дар хотир дошта намешавад.
– Дар канори шаҳр буд ҳавлиамон.
Ҳавлии хурд, озода... Падарам ба як парча замини он ҳар хел сабзавот кишт мекард:
пиёз, гашнич, райҳон, ду-се ҷўя бодиринг, ду-се ҷўя памидор... Мани кўдак бодирингро бисёр нағз медидам. Ҳоло хаёл мекунам, ки аз он ҳавличаамон, аз ҳавои хонаамон... аз дасти падарам, аз домани модарам ҳамеша бўи бодиринг меомад, ҳатто дар фасли зимистон... Ёд дорам – тобистонҳо, лаҳзаҳое ки аз хоб намехестам, падарам аксар вақт дар чогаҳ ба пеши биниам як-ду бодиринги нав аз палак кандаашро оварда мемонд. Ман дарҳол мехестаму шитобон дастурўй шуста, ба завқ бодиринг мехўрдам. Чӣ лозим... Аслан чӣ лозим ин хотираҳои ман!
– Не, гап зан, гўшам ба ту. Ман фаҳмидан мехоҳам, ки барои чӣ падарат маро бад медид.
– Падарам, берўзӣ падарам... Соле ки ба синфи якум рафтам, ҳавлиамонро вайрон карда, ба мо аз ҳамин бино хона доданд. Дар ҷои ҳавлии мо ва ҳамсояҳоямон мактаб сохтанд; мактаби калон, зебо... Мо се нафар дар ин ду хонаи хиштӣ хуш рўз мегузарондем. Баъд ту пайдо шудӣ.
Ҳафтаҳои аввал падарам мекўшид дилатро ёфта, ба ту қарин гардад. Аммо муомилаи ту ба вай сидқан набуд. Ту ўро аз худ дур медоштӣ, дар омади гап чизе пурсад, базўр ҷавоб медодӣ, ҳатто аз сўҳбатҳои кам дар ками ў дилтанг шуда, ба хонаи дигар мегузаштӣ, ё кўча мебаромадӣ... Тахмин пас аз як моҳи оиладории мо хабар расонданд, ки модарат бемор. Рўзи дигар, ҳангоме ўро диданӣ ба деҳа мерафтӣ, аҳволаш вазнин бошад, зуд биёред... гуфт падарам, духтурҳои ин ҷо ба ҳар ҳол беҳтар... Вай падару модаратро эҳтиром мекард, бародаратро ҳам. Лекин ту дар ҷавоб гуфтӣ, ки ба ман ташвиши беҳуда чӣ лозим, аздусар умраш кам мондааст... Ҳамон рўз, баъди рафтанат, падарам соатҳо хомўш буд. Ниҳоят дар болои дастархон як оҳ кашида, дуру дароз ба ман чашм дўхт ва маънидор карда, дар ҳолате ки овозаш меларзид, гуфт: аз вай одамгарӣ намебарояд! Ман чӣ?.. Ман ба ошхона гузаштам ва танҳо монда, хуб гиристам.
– Агар инро дар вақташ мегуфтӣ, эҳтимол фоида мекард.
Ё ҳамон шабу рўз ҷудо мешудем, ё ман...
– Ман, ман... Туро чизпарастӣ, ғурури беҷо, худнамоӣ ва ман-мании пуч ба ин ҳол расонд.
– Ба ҳолам чӣ шудааст?
– То имрўз нафаҳмида бошӣ, дар оянда мефаҳмӣ. Бечора падарам муддати ду соле ки ҳамроҳаш зиндагӣ мекардӣ, дандон ба дандон монда мегашт. Боз шарм надошта, барои чӣ мегўӣ... Ту ягон бор ба андеша рафтаӣ, ки агар дар хона бошӣ, чаро вай ба наздат намедаромад? Ҳатто дар паҳлуят нишаста, озод таом намехўрд.
– Ҳамин қадар гап будаасту ба ту панҷ сол зиндагӣ карда, тамоман бехабар...
– Барои он бехабар будӣ, ки ман умед мебастам, шавҳарам мегуфтам. Гумон доштам як рўз не, як рўз ба инсоф меоӣ. Аз раҳи фиребу найранг нагашта, одам барин ҳалол зиндагӣ мекунӣ; аз паи пулу мол натохта, ба китобу дафтарат машғул мешавӣ. Падарам ҳам хайр, дигар чӣ илоҷ, ҳар кӣ бошад, шавҳари ягона духтарам гуфта, умедвор ба мо хона гирифта дода буд.
– Чӣ хел? Ман, охир, хонаро аз ҳисоботи университет гирифтам! Худам...
– Дар як сол, а?
– Ҳа, дар як сол.

пешина
аз 132
навбатӣ