Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

намекардааст, сар аз болои ин китоб намебардоштааст. Лекин як рӯз пайдо шуду гуфт, ки:
-Ин китоби “Чордевон”-еро, ки ту ба ман додӣ, бисёр бодиққат хондам, лекин ҳеҷ хонда натавонистам, нафаҳмидам. Таъбирҳои тоҷикияш бисёр будааст. Ними шеъраш тоҷикӣ, аммо ман забони тоҷикиро намедонам. Чӣ кор кунам? Ҳамин қадар алам мекунад, ки онро мехонаму намефаҳмам. Ман гуфтам:
-Як кор мекунем. Бо ҳам мехонем. Бо ту ҳар ду.
Салоҳ ҳам агар хоҳанд, мехонем. Ман ба ту ҷойҳои тоҷикии шеъри Навоиро мефаҳмонам, ту ба ман ҷойҳои номафҳуми узбекии Навоиро мефаҳмонӣ, то ки ман ҳам узбекиро ёд гирам. Ҳазрати Навоӣ ба ману ту забон ёд медиҳад.
Бисёр хурсанд шуда, гуфт:
-Кошкӣ.
Рӯз таъйин кардем, соат таъйин кардем. Ҳар ҳафта фалон рӯз ман тоҷикии ашъори Навоиро ба Эргаш мефаҳмонам, Эргаш қисмҳои ғализи онро ба ман мефаҳмонд. Шахсан барои ман ин ҳамнишиниву ин навоихонӣ бисёр муфид омад.
Ман бисёр калимаҳои узбекиро ёд гирифтам. Бисёр не, андак-андак узбекӣ ёд гирифтам, ки аз устоди

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё