Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

Бо ин чек аз ошхона як пирогмонанд як чиз мегирифтам, ки ба нон монанд буду дар миёнаш ҷем дошт ё ягон ширинии дигар. Ин ҳар ҳафта, ки аз ҳамин рӯзи чоршанбе ё панҷшанбе ин шириниро ки гирифтам, он дӯстон ҳозир мешуданд. Баъд суҳбат мекардем, суҳбатҳои адабӣ. Эргаш Рустамов рӯзе баногоҳ гуфт, ки:
-Баъзе шеърҳои масалан Шевченко ва дигарҳоро ҳатто тарҷума кардаам, лекин аз Навоӣ як шеър нахондаам. Дар бораи эҷодиёти Навоӣ чизе намедонам. Аз осори ӯ тамоман бехабар ҳастам.
Шарм мекунам, ки узбек ҳастам, лекин Навоиро фақат аз рӯи шунид медонам. Банда гуфтам:
-Ман як китоби Навоӣ дар даст дорам, лотинӣ аст пеш аз ҷанги соли 1941. Яке аз онҳо, ки “Чордевон” ном дорад. Аз девони ғазалиёти Навоӣ низ ба хатти лотинӣ соли 40 чоп шуда буду ман як нусха гирифта монда будам дар дастам. Ба Эргаш Рустамов гуфтам:
-Ман ҳамон девонро биёрам, мехонӣ? Бисёр хурсанд шуду гуфт:
-Зуд биёр, ман як бинам. Ман кофта ёфта, овардам.
Рустамов хурсанд шуда гирифта бурд онро. Чанд вақт ғайб зад ва дигар намеомад. Бо хондани ҳамин машғул будааст, дигар ҷое намерафтааст, коре

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё