Зеҳн
Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 117 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

омӯхташуда, на монанди забони модарӣ, мисли забони хориҷӣ мешавад.

Аз аввал бо модарашон аҳд кардем, ки модар бо кӯдак бо забони русӣ гап хоҳад зад ва падар, яъне ман ба забони тоҷикӣ. Мо бояд аз аввали забон баровардани кӯдак, ҳар дуямон ба ду забон бо ӯ гап занем. Шояд, ки ҳар ду забонро ёд гирад.
Шояд, ки натиҷае шавад аз ин кори мо. Ба ҳар ҳол як санҷидану озмудан лозим аст, ки чӣ мешавад?

На дар хона, на дар кӯча дигар касе бо онҳо тоҷикӣ гап намезад. Ба ҳар ҳол лозим буд, ки ба бачаҳо забони тоҷикӣ ёд диҳем. Як андаке, андаке бошад ҳам, забони тоҷикӣ ёд бигиранд.

Вақте ки телевизор пайдо шуд, дар хона андак гапи тоҷикӣ, ки аз ман мешуниданд, ҳамин ҳам барҳам хурд. Бачаҳо дар хона бошанд, пеши телевизор мешиштанд ва программаи Маскавро тамошо мекарданд. Бо ин ҳол фақат ман бо ин бачаҳо тоҷикӣ гап мезадам. Серкор будам, вақтам кам буд. Бо бачаҳо имкони суҳбатҳои дуру дароз кардан набуд, лекин ба ҳар сурат бо онҳо тоҷикӣ гуфтугӯ мекардам, то ин ки бачаҳоям мактабашон сар шуд. Лекин мактабу синфашон ҳам русӣ буд ва бачаҳои ман дар синфи русӣ таҳсил сар карданд.
Лекин ман китобҳои дарсии синфи аввалро, баъд синфи дуюмро, баъд синфи сеюму чорумро ёфта

пешина
аз 117
навбатӣ