Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

овардам. Аз Алифбо сар карда, ҳар дарсе, ки дар мактаб, масалан Шариф ба русӣ мехонд, дар хона мо онро тоҷикӣ мегузаштем. Ҳаррӯза дарси забони тоҷикӣ доштам. Дарси мактабашро дар хона ба тоҷикӣ такрор мекардем. Ҳатто дарси ҳисоб мегузаштем. Китоби ҳисоб харида будам.
Ҳисобҳоро мебаровардем, машқҳои ҳисобро ба тоҷикӣ ҳал мекардем, то ин ки бачаҳо истилоҳоти ҳисобро ҳам ба тоҷикӣ донанд: зарб, тақсим, ҷамъ, тарҳ ва ҳоказо. Ҳамин тариқ кӯдакҳоям бо китобҳои тоҷикӣ шинос шуданд, китобҳои тоҷикиро хондан ёд гирифтанд, китоби тоҷикиро фаҳмидан ёд гирифтанд ва баробари дарси русӣ дарси тоҷикӣ мехонданд, ки бисёр муҳим аст.
Лекин ин тоҷикӣ хондани мо, ин дарсҳои мо то охири синфи чорум давом кард. Аз синфи панҷум сар карда, дарси бачаҳо бисёр душвор шудан гирифт, вақташон кам монд ва ман ҳам вақти кам доштам. Мо натавонистем, ки дарси тоҷикӣ гузарем. Гоҳ-гоҳ зарур шавад, тасодуфан он чизе, ки дар мактаб мехонданд ё ба хонаи муаллим мерафтанд, ҳар рӯзи Худо, рӯздармиёну як ҳафта ду бор, ё ин ки муаллим ба хонаи мо меомад. Лекин ба ҳар ҳол бачаҳо забони тоҷикӣ ёд гирифтанд, мисли забони русӣ набошад ҳам, ба ҳар ҳол гап мезаданд, гапи тоҷикӣ мешуниданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё