Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

аҳолии шаҳри Душанбе тоҷик буд, боқӣ ҳама ғайритоҷик. Ҳама русизабон. Аз хона, ки берун мешудем, куҷое, ки мерафтем, ҳатто ҳеҷ ҷо ҳам наравем, фақат дар кӯча истем ҳам, ҳама русӣ ва ҳама суханҳо русӣ. Шаҳр муҳити тоҷикӣ набуд.
Дар ин шароит ба кӯдак забони тоҷикӣ ёд додан бисёр душвор буд. Забони тоҷикӣ ёд гирифтани бачаҳо имкон надошт. Бачаҳои тоҷик ҳама аз аввали забон боз кардан русӣ забон мебароварданд, зеро падару модарашон ҳам кайҳо русигӯй шуда буданд ва байни худ бо русии шикаста сухан мекарданд. Яъне, муҳити тоҷикӣ дар шаҳри Душанбе бисёр кам монда буд.
Мактабҳо ҳама русӣ, боғчаҳо-кӯдакистонҳо ҳама русӣ. Аз хона, ки баромадӣ, ун тараф ҳама русӣ, хулоса ҳамаи атроф русӣ. Дар хонаи мо, даруни хона ҳам русӣ буд. Зани якуми ман ҳам рус буд. Одам бояд донад, ки дар ин шароит тавре амал кунад, ки кӯдак забони тоҷикиро ёд бигирад.
Баъди андешаи бисёре ба ҳамин қарор
омадам, ки аввало коре кардан даркор аст, ки кӯдак
аз аввали забон бароварданаш забони тоҷикиро
донад, аз аввали забон бароварданаш забони тоҷикӣ
дастраси ӯ бошад. Агар баъд аз калон шуданаш
забони тоҷикиро омӯзад, ба ҳар ҳол ин забони

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё