Зеҳн
Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 117 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

дидам. Аммо аввали диданам чунон таъсир кард, ки хостам дар ин ҷо зикраш кунам.

3-Ҳамон рӯзҳо, ки ман дар Институти забон ва адабиёт кор мекардам, Кумитаи Марказии ҳизби Комунисти Тоҷикистон маводеро ба Институти таърих, забон ва адабиёт супурдааст, то ин, ки муҳокима кунанд. Рӯзе аз домулло Ҳусейнзода пурсидам, ки:

-Домулло Бобоҷон Ғафуров китоби “Таърихи халқи тоҷик”-ро овардаанд, мегӯянд, ҳамин тур аст?

-Навиштааст, овардааст, лекин ин ҷо ба. Ба болои шкафе, ки дар кунҷи хона истода буд ишора кард устод. -Дар болои шкаф истодааст. Мо мутахассисонеро, ки ин асарро муҳокима кунанд ва мо қарор бурорему ҳал кунем, надорем.
Мутахассисон ҳама дар ҷанг. Мо имкон надорем, ки инро муҳокима кунем.

Ҳамон соли 1945 баъзе мутахасисҳои мо, ки ба ҷанг рафта буданд, гашта омаданд. Абдулғанӣ Мирзоев-устоди банда, ки аз соли 1941 ба Эрон бо роҳи хизмати ҳарбӣ ба кор фиристода шуда буданд, ҳам гашта омаданд.

Пурсиданд, ки:

пешина
аз 117
навбатӣ