Зеҳн
Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 117 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

-Чаро китоби ”Таърихи халқи тоҷик”-ро Институти забон, адабиёт ва таърих нигоҳ дошта муҳокима накардааст? Мудири институтро дидааст ва дастнависро талаб карда гирифтааст. Он гоҳ маълум шуд, ки ин дастнависро Абдулғанӣ Мирзоев таҳрир мекунанд. Чоп шуд. Ҳамон сол китоби Абдулғанӣ Мирзоев “Сайидо ва мақоми ӯ дар адабиёти тоҷик” низ чоп шуд. Забону услуби илмии китоби Бобоҷон Ғафуров “Таърихи халқи тоҷик” ва китоби Абдулғанӣ Мирзоев “Сайидо ва мақоми ӯ дар адабиёти тоҷик” ҳар ду як аст, ба якдигар бисёр наздик аст, бисёр монанд аст.
Маълум буд, ки ин ҳарду китоб аз як даст гузаштааст.

Ҳикояти рисолаи номзадии ман Соли 1948 ба аспирантура дохил шудам, дар ҳамин Донишгоҳи омӯзгории ба номи Айнӣ.
Роҳбари ман дар аспирантура Мирзозода нав омада буданд ба институт, лекин ҳама кормандони кафедра эшонро мешинохтанд. Домулло Мирзозода барои рисолаи номзадӣ ба камина эҷодиёти Саййидаҳмадхоҷаи Сиддиқии Аҷзиро (1888-1927) доданд. Аҷзӣ яке аз маорифпарварон ҳисоб мешуд ва хеле шуҳрат дошт.
Корро сар кардам. Рафтан ба пеши бузургон ва устодон лозим омад. Аввал устод Айниро дидам.
Якумин бор буд, ки банда ҳавлии устод Айнӣ,

пешина
аз 117
навбатӣ