Зеҳн
Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 117 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

-Туро директор фарёд дорад. Ман ба кабинети домулло Ҳусейнзода рафта, дарро кушодам, ки Ҳусейнзода дар ҷояшон нишастаанд, аммо дар рӯ ба рӯи эшон шахсе рақскунон “Соқӣ, соқиҷон, пиёла пурмай кун”-гуфта суруд мехонд. Дарро пӯшидам. Мо донишҷӯйҳо домулло Ҳусейнзода, Маъсумӣ ва ҳамаи дигари инҳоро одамони бисёр ҷиддӣ медонистем ва дар гӯшаи хаёл ҳам намеовардем, ки онҳо ҳам мерақсида бошанду суруд мехонда бошанд, хандаву ҳазлу шухӣ бикунанд. Ҳусейнзода бо табассум нигоҳ карда шишта буданд. Мо аз солҳои донишҷӯӣ ҳеҷ надида будем, ки ба лаби домулло Ҳусейнзода табассум давида бошад. Солҳои сахт, солҳои азоб буд он солҳо албатта. Мо ҳама метарсидем аз эшон.
Ҳайрон шудам. Чун ман дарро пӯшидам, домулло Ҳусейнзода гуфтанд, ки:

-Не-не биё, даро, дарро напӯш! Ман дарро кушодам, даромадам дар пеши дар истодам. Он шахс ҳанӯз мерақсиданд, ҳанӯз суруд мехонданд, бисёр шод буданд. Намедонистам, ки чапак занам ё биншинам. Ин дам гуфтанд, ки:

-Биё, ту ҳам рақс кун.

Баъд, вақте ки тамом шуд рақсидани эшон,
ҳазлу шӯхиҳои аҷиб, намакин бисёр гуфтанду

пешина
аз 117
навбатӣ