Зеҳн
Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 117 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

оғоз ёфт, давраи тайёрӣ ба имтиҳонҳои давлатӣ, бояд аз таҳи дил сахт мехондам. Аз кори шабонаи рӯзнома баромадам, то бисёртар ба тайёрии имтиҳон машғул шавам. Аз кори рӯзнома ҷавоб гирифта будам, ки маро домулло Шарифҷон Ҳусейнзода, ки муаллими таърих, забон ва адабиёти мо буданд, ба филиали Академияи илмҳои СССР, ба кори лаборантӣ даъват карданд.
Қабул кардам, омадам. Ин институт яке аз муҳимтарин институтҳои филиали Академияи илмҳои СССР дар Душанбе буд ва баъд соли 1951 ҳамин институт ба ду тақсим шуду Институти таърих ва институти забону адабиётро ба вуҷуд овард. Ман ба Институти забону адабиёт омадам, то материали фонди фолклори институтро рӯйбардор кунам. Бо сиёҳӣ навиштан лозим будааст. Маводеро, ки домулло бароям дода буданд, рӯйбардор кардам бо сиёҳӣ ва ҳоказо, баъзе корҳои дигар. Дар байни муаллимҳоям ба кор афтода будам. Муаллимҳои худам дар он ҷо кор мекарданд. Ба ман дарс надода бошанд ҳам, медонистам, ки муаллимони худи мо ҳастанд, дар дигар гурӯҳҳо, дар дигар факултетҳо дарс медиҳанд. Шарифҷон Ҳусейнзода, ки директори ҳамин институт буданд, Ниёзмуҳаммадов, Неменова ин ҷо кор мекарданд.

Рӯзе котиби директор ба ман гуфт:

пешина
аз 117
навбатӣ