Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

тааҷҷуб, аммо бо хурсандӣ ин дарсро гӯш мекардем. Рӯйбардор мекардем, навишта мегирифтем.
“Феъл”-ро солҳои баъд ҳам, барои донишҷӯёни соли чоруми факултети забон ва адабиёт ба сифати лексияи обзорӣ хонданд. Ин хонданҳо гӯё як навъ санҷиш буд ва ҳар дафъа ба ин муносибат устод таҳқиқоти худро месанҷиданд, меозмуданд ва такмил мекарданд. Дар он солҳо, ки худи домулло Маъсумӣ директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ таъйин шуда буданд, ин институт якумин грамматикаи илмии забони тоҷикиро омода кард ва чоп намуд. Дар ҳамин грамматика ин “Феъл”-и Носирҷон Маъсумӣ ҳам буд. Намедонам кадом сол буд соли чопи он грамматика? Ҳаминро медонам, ки ин асар, ин “Феъл” ном китоби домулло Маъсумӣ чандин сол пеш аз чопаш, кор мехурд, заҳмати илмии чандин сол аст, ки аввали он ҳамон соли 1945, соли донишҷӯии банда буд.
2-Солҳои донишҷӯӣ дар идораи рӯзномаи
“Тоҷикистони советӣ” кор мекардам. “Корректор”
будам, аввал “подчитчик” (ғалатгир, мусаҳҳеҳ)
будам, ҳатто мухбирӣ ҳам кардам. Лекин соли
1944, вақте ки мо ба курси чорум гузаштем, азбаски
бисёр давраи пурмасъулияти асил ва донишҷӯӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё