Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

Дар ҷараёни ин ҷиҳоди илмии ӯ то 26
феврали соли 2006, яъне, замоне ки зиндагиномаи
худнавишт аз худ ба ёдгор ниҳод, 44 китобу беш аз
500 мақола дар мавзӯоту заминаҳои гуногун падид
овард. Дар ин байн бахше аз умри Муҳаммадҷон
Шакурӣ дар фарҳангнависӣ гузаштааст. Ҳам ин
таҷрибаи арҷманд ва дигар қобилиятҳои чашмгири
устод боис шуд, то бо даъвати Фарҳангистони
забону адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар
соли 1996 ба узвияти пайвастаи ин ниҳоди
муаззами илмӣ пазируфта гардад. Устод ба
фарҳанге тааллуқ дошт ва посдори фарҳанге будааст, ки аз омӯзаҳои маънавии дин ғано меёфт.
Дар ин фарҳанг, ки тавсия ба эҳсон дар боби волидайн шуда, мақоми падар ончунон арзиш меёбад, ки падарро “қиблагоҳ” меноманд.
Бахши пурранг аз сурудаҳову сурудҳо дар ин сарзамин ороста ба зеботарин авотифу эҳсосот дар мақоми модар аст. Ба гунае, ки бемуҳобо метавон тоҷиконро аз ин ҳайс миллате пешсаф дар ҷаҳон шинохт. Тоҷикон сарзамини арзию арзишии худро низ модар медонанд ва “Модар-Ватан” мехонанд.
Муҳаммадҷон сайёди баҳрҳои пургуҳарест, ки чашмаҳои ҷӯшанда дар қаърҳои он ва қуллаҳои пурбарф дар фарози рӯдҳое ба сони дарё дар онҳо маввоҷ буда, талотум додаанд. Устод, ки маълум нест, чӣ ҳангом ба дунё омадааст ва ба навиштаи худ “тахминан таъйин мекарданд, ки синни мо чанд аст”, аз насли мардонест, ки марг надоранд ва рӯшноиҳое, ки дар зиндагии башар парокандаанд, ҳамвора партавафкан аст.
Аммо пештар оқои Қаҳрамон Сулаймонӣ аз
ходимони андешаманди фарҳанг, ки замоне ба
унвони Ройзани фарҳангии Ҷумҳурии Исломии
Эрон дар ин кишвар хидмат кардаанд ва акнун дар
мақоми муовини пажӯҳиҳию омӯзишии Созмони
фарҳанг ва иртибототи исломии Эрон адои вазифа
доранд, бо нашри “Меҳрнома”-бо пайгирии устод

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё