Зеҳн
Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 117 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Валӣ Самад поси хидматҳои арҷманди устод Муҳаммадҷон Шакурии Бухороиро кӯшидаанд.
Низ оқои доктор Муҳаммадҳусайн Амир Ардуш, ки эшон ҳам то чанде қабл дар мақоми Ройзани фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин кишвар идеяҳои арзишмандеро тарҳу ҳидоят намудаанд ва инак дар ҷойгоҳи мушовири муовини пажӯҳиҳию омӯзишии Созмони фарҳанг ва иртибототи исломии Эрон дидгоҳҳову таҷрибаҳои худро дар ихтиёри ҳавзаи илму фарҳанг қарор медиҳанд, бонии тарҳе будаанд, ки ҳосили он тадвини хотироти шифоҳии устод Шакурист. Бинобар ин бар банда ибрози сипос аз ҳиммати баландашон фарз аст. Дигар аз бародарам оқои Меҳрдоди Порсо ташаккур мекунам, ки ба унвони муовини муҳтарами Ройзании фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон дар ин кору тарҳҳои дигари Ройзанӣ миннатдори назарот ва ҳиммати ӯям. Ҳамчунин сипосгузори муҳаққиқи фарҳехта ҷаноби доктор Маҷиди Асадӣ ҳастам, ки бо мушорикати саркорхонум Дилафрӯз Қурбонӣ заҳмати нигориши каломи устод ва тадвини ин корро ба ду хатти форсӣ ва сириллик қабул намуданд ва ҳар вақт дар бораи ин китоб суҳбат мекардем, ин чанд нуктаро ба тариқе ёдоварӣ кардаанд, ки:
1-Муҳтавои китоб бар асоси каломи устод дар охирин соли ҳаёташон ва тавассути худашон дар қитъаҳои мухталифи замонӣ дар Нюкасли Англия забт гардидааст.

2-Мутаассифона ба иллати бемории устод калом заиф ва дар баъзе ҷойҳо номафҳум забт шудааст.

3-Баъзан устод бархе аз нукотро нотамом гузоштаанд, ки баъдан изофа намоянд, аммо мутаассифона фаромӯш шудааст ва ё ба иллати вуруди аёдаткунандае калом раҳо шуда, идома наёфтааст.

4-Дар пиёда кардани каломи устод ниҳояти талош сурат гирифтааст, ки калом айнан бар қалам ҷорӣ шавад, аммо дар танзиму тадвини китоб аз он ҷо, ки бархе аз матолиб бояд аз назари замонӣ дар пайи ҳам меомаданд, тағйир дар чиниши ҳикояҳо баҳси гурезнопазир будааст.

5-Дар матни сириллики китоб ниҳояти талош сурат гирифтааст, ки иборату ҷумлаҳо айнан иборату гуфтори устод бошанд ва матни навишторӣ бештарин ҳамоҳангиҳоро бо каломашон дошта бошад, магар ин, ки аҳёнан бино бар зарурат ва бар асоси қаринаҳои мавҷуд дар дигар бахшҳо ҷумла комил шудааст.
6-Дар матни форсӣ бо таваҷҷуҳ ба тафовутҳои сохторӣ дар ҷумлабандию қоидаҳои нигоришӣ ва ҳамчунин зарурати тарҷумаи бархе аз калимоти русӣ ва ё калимаҳои камкорбурд ва ё ниёзманд ба тавзеҳ дар каломи устод ба ночор бар асоси маънои калом матн нигориш шудааст.

7-Аз он ҷо, ки устод дар бархе мавридҳо ба афроду созмонҳое ишора дошта, дар бораи онҳо изҳори назар кардаанд, талош шудааст, бо дар назар гирифтани ин нукта, ки мақсад нигориши таърих набуда, ҳамчунин куллияти матолибу мавзӯъ то он ҷо, ки латмае ба калому мавзӯъ ворид нашавад, аз зикри номи афроду созмонҳо худдорӣ гардад.

Ҳоло Худовандро шукр мегузорем, ки тавфиқи ба анҷом расондани ин вазифаро иноят фармуд ва умедворем ин хотираҳо ва пандҳои онҳо, ки ҳар кадом ба мадади умре ба ҳосил омадааст, ҳамвора дар хотирамон боқӣ бимонад.

Доктор Муҳаммадҳусайни Санъатӣ-

Ройзани фарҳангии Сафорати Ҷумҳурии Исломии
Эрон дар Тоҷикистон

пешина
аз 117
навбатӣ