Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

Муҳаммадҷони Шакурӣ, номзади илм он рӯзҳо ва академик солҳои баъд, пас аз рад шудани рисолааш мавзӯи илмии дигаре барои таҳқиқу дифоъ интихоб мекунад:” Хусусиятҳои ғоявӣ ва бадеии ёддоштҳои Айнӣ”. Гӯё касоне намехоҳанд ӯ дар майдони илм ҷоеву ҳарфе барои гуфтан дошта бошад. Аммо ӯ медонад, ки бояд барои ҷиҳоди илмӣ омода бошад ва дар ин байн ба дурустӣ дарёфтааст, ки ҷиҳод барои зиндаву зоянда нигаҳ доштани забону адаби форсӣ роҳи равшанест, ки ба ободии фарҳанги боландаву пурбори ниёкон роҳ мебарад. Ифтихор мекунад, ки соли 1988 муборизаи пуршиддате дар роҳи устувор кардани пояҳои забони форсии тоҷикӣ бо мақолаҳои ӯ шурӯъ шудааст. Ӯ дар ин роҳ ҳам барои омӯзиши забони форсӣ ба фарзандони сарзамини худ умр гузошт ва ҳам дар роҳи ошнойии амиқи бузургсолон бо забону адаби форсӣ ба ҷон кӯшид.
Мақолаҳои дардмандонаи ӯ гувоҳи ин ҷӯшу хурӯш аст:”Ҳар к-ӯ ба забони хештан дармонад”, “Қайдҳои нависандагон дар бораи муносибати байни миллатҳо”, “Забони миллӣ, ғамхории махсус
хоҳон аст”. (Меҳрнома, 24)
Ӯ, ки дардкашидаи ҷангҳои дохиливу аз ин воқеъа дилгир буд, менавишт:”Шуъури иҷтимоӣ паст аст ва шуъури музофотӣ қувват мегирад.
Асосан ба ҳамин сабаб буд, ки дар Тоҷикистон ҷанги дохилӣ шурӯъ шуд ва аз соли 1992 то соли 1997 идома ёфт ва меҳан хароб шуд”.
Ба гумони ӯ бояд Тоҷикистон ба ҳамдигарфаҳмӣ рӯ меовард. Баъзе китобҳои ӯ дар ин замина аст:”Хуросон аст ин ҷо”, “Истиқлол ва худшиносии иҷтимоию маънавӣ” ва “Инсонгароии омӯзиш ва забони миллӣ”.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё