Зеҳн
Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 117 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Самарқанд, Тошканду Маскав ҷустуҷӯҳо карда, рисолаи дифоия навиштам. Рисоларо аз кафедра гузаронида, фишурдаи онро ба русӣ тарҷума кардам ва барои дифоъ омода шуда будам, ки иддио карданд, ки Аҷзиро на равшангару маорифпарвар, балки аз ҷадидону миллатгароёни буржуазӣ бояд донист. Бобоҷон Ғафуров дар оғоз ба дастгирии банда бархост, лекин дар ниҳоят розӣ шуд. Дар натиҷа Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон 29 декабри соли 1952 дар маҳалли раёсати Фарҳангистони Илмҳои Тоҷикистон аҳли адабро гирд оварда, масъалаи Аҷзиро аз соати 7-и аср то 3-и саҳар баррасӣ кард.
Ба ҷуз банда, Алоуддин Баҳоуддинови файласуф ва Холиқ Мирзозодаи адабиётшинос, ки роҳбари илмии банда буд, касе ҷуръат накард хилофи фикри котиби Кумитаи Марказии ҳизб, ки раиси ҷаласа буд, чизе бигӯяд. Маҷлис тасмим гирифт Аҷзиро шоири иртиҷоӣ ба шумор оварад.

Рисолаи ман рад шуд ва заҳмати сесолаам сӯхт. “(Валӣ Самад, Меҳрнома. Ҷашнномаи устод Шакурӣ. Душанбе, Ройзании фарҳангии Ҷ.И. Эрон дар Тоҷикистон.
тирмоҳи соли 1385. Саҳ.16-17 )

Ба навиштаи устод, дар мақолаи “Аз маорифпарварӣ то ба чингизпарастӣ”, яке аз бузургтарин марказҳои фарҳанги тоҷикон, чун асрҳои гузашта Самарқанд буда, ки ҳавзаи равшангарии он ба суръат доман паҳн мекард. Дар адабиёти ҷадидаи ин ҳавза, ба хусус Саййидаҳмадхоҷа Сиддиқии Аҷзӣ(1888-1927) ва достонҳои манзуми ӯ “Миръоти ибрат” (1913) ва “Анҷумани арвоҳ” (1913) идеалҳои маорифпарварӣ ва равшангариро хеле барҷаста ифода намуд.

пешина
аз 117
навбатӣ