Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 117 саҳифа
Пешгуфтор
Дар бораи хотироти шифоҳии академик устод Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ
Ёду номи Эрон барои мардуми тоҷик-чунон ки ёду номи Тоҷикистон барои мардуми Эрон хушҳолкунанда аст. Аммо ин хурсандӣ дар онон, ки маърифату муҳаббати бештаре нисбат ба аслҳову асолатҳои муштарак ва ошноиҳо ёфтаанд, дучандону садчандон аст. Дар ин зумра номи зиндаёд устод Шакурӣ аз дурахшандагии вежае бархурдор аст. Ман низ пеш аз азимат барои намояндагии фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ба авсофе ҳамида, аз ҷумла алоқа ба фарҳанги маърифатпарвари ниёконамон номи устодро шунида будам ва шавқманд будам, ки эшонро бибинаму адаби худро тақдим кунам. Аммо тақдир чунон рақам хурда буд, ки танҳо лаззати самъӣ саҳми банда бошад аз зиндагии шӯровари устод.
Устод соли 1926 ба дунё омадааст.
Сахтикашида, сабури рӯзгор будааст ва фарзанди падару модаре сахтикашида. Падар баъд аз хонанишинӣ дар зиндон даргузаштаасту модар, ки дар зиндон ба бемории сил мубтало шуда буд, як сол пас аз озодӣ дар 37-солагӣ даргузаштааст.
Муҳаммадҷон дар солҳои мусодиф бо ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1941-1945) машғул ба таҳсил аст. Моҳона 500 сум ҳам маош мегирад, дар ҳоле, ки гоҳе нархи нон ба 400 сум мерасид.
Устод мегӯяд:
-”Дар давраи аспирантӣ, эҷодиёти Сиддиқии Аҷзӣ
(1888-1927) мавзӯи рисолаи ман шуд. Чанде дар
бойгониҳову китобхонаҳои шаҳрҳои Душанбе,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё