Зеҳн
Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 117 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

-Оҳой, эй афроде, ки муқобили забони давлатӣ шудани забони тоҷикӣ гап мезанед, исбот кунед ҳарфҳоятонро. Дар ин ҳангом Қонуни забони Горбачёв ҳам чоп шуд. Горбачёв ҳам гуфта буд, ки бигзор забони русӣ забони давлатӣ эълон шавад.
Ин Қонуни нави забон, дӯстдорони забони миллии ҷумҳуриҳоро, онҳоеро, ки мехостанд забони миллияшон забони давлатӣ гардад, бисёр ба ташвиш овард. Бисёр ба ҳайрат овард.

Ин Қонуни забон бист сол хидмат кард.
Хидмати вай пеш аз ҳама иборат аз он буд, ки пояҳои ҳуқуқии забони тоҷикӣ дар ин муддат дар Тоҷикистон дар тамоми идораҳо, муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ ба сифати забони расми ҷорӣ шуд. Мо ба забони тоҷикӣ дафтардорӣ ёд нагирифта будем, чанд вақт боз фаромӯш карда будем, нав ёд гирифтан лозим омад.

Дар баъзе ҷойҳо курсҳои таълимӣ ташкил
карданд. Кумитаи истилоҳот, ки соли 1990 таъсис
шуд, аввалин вазифаи худ ҳаминро донист, ки
истилоҳоти ихтисосии ҳамаи идораҳо, ҳамаи
вазоратҳо, ҳамаи муассисаҳоро тайёр кунад. Бо
қарори Ҳукумат ҳама муассисаҳо, ҳама вазоратҳо,
ҳама идораҳо ба Кумитаи истилоҳот муроҷиат
карданд. Кумитаи истилоҳот чанд соли аввал ба
ҳамин кор машғул шуд. Ин гуна истилоҳоти

пешина
аз 117
навбатӣ