Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

-Вақте ки натиҷаи овоздиҳиро эълон карданд, дидем, ки қонун қабул шудааст, гузаштааст.
Депутатҳо байни худ як-як оғӯш кушода, якдигарро табрик мекарданд. Аз чашмашон об мебаромад, ашки шодӣ. Бо таклифи Шарофиддин Рустамов қарор шудааст, ки 22 июли ҳар сол “Рӯзи забон” эълон шавад, Ҳама Рӯзи забонро бо хурсандии тамом гӯё ҷашн гирифтанд. Чун ин хабарҳоро аз ӯ шунидам, хушҳол шудам. Ин дастоварди бузурге буд дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол.
Аммо ин масъалаҳо барои мардуми мо нав буданд. Мардум аз моҳияти масъала чандон хабар надоштанд, лекин маълумот додан даркор буд ба мардум, фаҳмиши ин, ки як забон бояд забони давлатӣ шавад. Гоҳ-гоҳ ба Душанбе номаҳои зидди забон мефиристоданд. Мазмуни ҳамаи номаҳо як буд. Зидди забони миллӣ мегуфтанд, навишта мефиристоданд. Апрели соли 1989 чанд гоҳ дар Маскав будам ва мақолаҳои дар ин замина чопшударо дидам. Ду мақолаи таҳқиромез дар бораи илм ва адабиёт ҳам буд. Афсӯс хурдам, ки чаро ин гуна ҳарфҳо ҳаққи забони мо гуфта мешавад? Гуфтам дар як мақола, як мусоҳиба ба муовини директори ин Институт муроҷиат кунам, ки:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё