Зеҳн
Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 117 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ки дар ҷаласаҳои гурӯҳи кор се-чаҳор нафар юристҳо(ҳуқуқшиносҳо), ки қонуннависиро медонистанд, иштирок мекарданд. Ба асоси гурӯҳи корӣ ҷалб шудани Успенская хеле муҳим буд, ки ӯ ба зулоли забони тоҷикӣ хуб сарфаҳм мерафт. То охири коре, ки супурда мешавад ба мо, бояд софдилона иҷро кунем ва Қонуни забони давлатиро бинвисем.

Вақте ки ман дар Маскав дар Узкое будам дар Тоҷикистон Қонуни забон тасдиқу тасвиб шуд.
Ҳамон рӯз иҷлосияи Шӯрои Олии Тоҷикистон мешавад ва баъзеҳо мегӯянд, ки матни Қонуни забонро мумкин аст, ки ҳоло қабул нашавад.
Медонистам, ки дар Душанбе ҳам мубориза сахттар шуда истодааст. Бо ҳамин интизорӣ, рӯзи 22-юм ҳамеша дар пеши радио нишаста будам, лекин радио чизе намегуфт. Рӯзҳои гузашта дар ин масъала ҳар рӯз ду-се бор чизе мегуфт, аммо акнун хомӯш шуда буд. Рӯзи дароз хомӯш. Бегоҳ шуд, хомӯш аст. Хостам телефон кунам ба Душанбе ва фаҳмам, ки чӣ шуд? Телефон кардам, касеро пайдо карда натавонистам. Оқибат Шарофиддин Рустамовро пайдо кардам ва пурсидам, ки:

-Аҳвол чист? Шарофиддин Рустамов бисёр хурсанд буд. Ӯ бо хушҳолӣ гуфт:

пешина
аз 117
навбатӣ