Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

ихтисосӣ ҳатто чоп ва ба ҳама ҷойҳои дахлдор тақсим шуданд. Ҳамон вазоратҳо худашон чоп карданд, лекин як қисмаш чоп нашудааст. Чоп мешуд, беҳтар буд ва ҳоказо.
Забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ камкам дар ҳаёти иҷтимоӣ як ҷойгоҳи муайян ишғол намуд. Пеш аз соли 1989 дар ҷомеа, дар ҳаёти иҷтимоӣ забони тоҷикӣ вуҷуд надошт. Ба кадом идорае, ки дароед, коргузорияш фақат ба забони русӣ буд, ҳатто ба кадом магазин (мағоза) ҳам дароед, ба забони русӣ сухан кардан лозим меомад.
Пас аз чанд соли комёбиҳо, ки барои забони тоҷикӣ бисёр муваффақияти калон буд, лозим омад, ки ин Қонуни забонро таҳрир кунем, вироиш намоем.
Ҳукумат боз Комиссияи Қонуни забон ташкил карду боз гурӯҳи кор ташкил намуд, то ин ки Қонуни забонро аз сари нав вироиш кунанд ё ин, ки як лоиҳаи нав ба вуҷуд биёранд. Яке аз аъзои ин гурӯҳи кор банда будам.
Афсӯс, афсӯс, ки аз он касоне, ки соли 1989 аъзои гурӯҳи кор буданду матни Қонуни забонро ба вуҷуд оварданд, таҳрир карданд, такмил карданд ва ҳоказо ва дар ин кор хеле таҷриба пайдо намуданд.
Афсӯс, ки он рафиқони мо дигар натавонистанд дар ин дувумин гурӯҳи кор ширкат кунанд. Онҳо дигар дар қайди ҳаёт нестанд. Ин гурӯҳ боз аввал қонуни

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё