Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

конфронс сар шуд. Рустамов маърӯза кард, лекин андак тарсида-тарсида гап мезад. Хусусан дар ҷои пешниҳоди забони давлатӣ шудани забони тоҷикӣ, чӣ кор кард ё ин ҷумларо партофт, нахонд, ё нимғурма, номафҳум, нофаҳмо чӣ гуна хонд, ки номаълум гузашта рафт.
Аз ин рӯ дар маърӯзаи асосии конференсия ҳамон даъват, пешниҳоди забони давлатӣ шудани забони тоҷикӣ садо надод. Пас аз ин музокира шурӯъ шуд. Дар музокира банда бо қатъияти тамом масъала гузоштам, ки конфронси мо бояд ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кунад, то вазъи забонро омӯзад. Банда ин пешниҳодро пеш овардам. Хуш пешвоз гирифтанд. Хеле чапак заданд, дасту по кӯфтанд.
Баъд аз танаффуси нимрӯзӣ, ки конфронсамон давом меёфт, Гулрухсор расида омад. Ба ӯ ҳам сухан доданд. Ӯ ҳам фақат ҳаминро гуфт, ки:
- Бояд масъала ба миён гузошта шавад ва ҳамин конфронс ин масъаларо дар пеши Ҳукумат гузорад.
Ин пешниҳоди Гулрухсор ҳам бо рӯҳбаландии тамом пешвоз гирифта шуд. Пас, дар охири маҷлис раиси маҷлис Абдуқодир Маниёзов ба банда таклиф кард, ки ҳамон пешниҳоди худро, ки гуфтам, барои дохил кардан ба қарори

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё