Зеҳн
Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 117 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

конференсия, ки пагоҳ қабул хоҳад шуд, ба сифати як модда таҳрир карда биёрам. Банда бегоҳӣ ин корро анҷом додам. Рӯзи дигар пагоҳӣ омадем.
Абдуқодир Маниёзов ин навиштаи бандаро хонд ва гуфт:

-Чун ин пешниҳод аз номи конференсияи Институт меравад, бинобар ин гуфтан лозим, ки ду забон забони давлатӣ шавад. Ба ин пешниҳод розӣ набудам, лекин ӯ гуфт, ки:

  • Савоб ҳамин аст. Ҳамин тур бояд кард, вагарна ҳамаи мо сахт ҷазо мебинем.

Дар рӯзи дуюми конфронс ман хулосаи пешниҳоди худро, ки дирӯз ба шакли моддаи қарори конфронс пешниҳод карда будам, навишта овардам. Банда чун ба аҳли маҷлис ин моддаи қарори дузабониро арз кардам, ки забони тоҷикӣ ва русӣ забони давлатӣ эълон шавад, толор бисёр шӯриданд. Баъзеҳо аз ҷой хеста, норозигӣ карданд.
Гуфтем, ки:

-Барои он ки пешниҳодамон қабул шавад, рад нашавад ва барои он ки Ҳукумат таклифи моро қабул кунаду чорае бинад, ночорем ду забонро номбар кунем. Қабул накарданд. Доду фарёд бардоштанд, қабул накарданд. Ҳатто банда гуфтам, ки:

пешина
аз 117
навбатӣ