Зеҳн
Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 117 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

конференсия раҳматӣ Шарофиддин Рустамов буд.
Шарофиддин Рустамов ду-се рӯз пеш аз конфронс маърӯзаашро тамом карда, ба баъзе касон нишон дод, ки хонанду бинанд ва фикрашонро гӯянд. Аз ҷумла гуфта будааст, ки ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шавад.

Раиси Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ Абдуқодир Маниёзов аз Шарофиддин Рустамов илтимос кардааст, ки матни суханронияшро биёрад, бибинанд ва барои маърӯза тасдиқ кунанд. Рустамов маърӯзаашро барои тасдиқ кунондан овардааст. Абдуқодир Маниёзов чун бо матни суханронӣ шинос мешавад, мебинад, ки он ҷо пешниҳоде ҳаст, ки ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шавад. Ба Рустамов мегӯяд:

-Агар ин пешниҳодро аз матни суханронӣ набарорӣ, аз партбилет маҳрум мешавӣ. Як замон дидам, ки Рустамов хеле димоғсӯхта меояд, мондааст, ки гиря кунад. Гуфтам:

  • Чӣ шуд?

-Шумо ҳам бибинед ва фикратонро гӯед, ки ман
матни маърӯзаамро ислоҳ кунам. Банда гирифтам,
хондам ва пешниҳодашро, ки забони тоҷикӣ забони
давлатӣ шавад маъқул донистам. Аммо Рустамов
ҳайрон буд, ки чӣ кор кунад? Дар ҳамин ҳол

пешина
аз 117
навбатӣ