Зеҳн
Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 117 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

бикунад, академикҳо даррав мераванд Кумитаи Марказӣ, зуд маҷлис ташкил мекунад, оқибатҳо доштанаш мумкин. Бинобар ин ҳар коре, ки лозим аст, бояд худатон иҷро кунед. Банда ночор гуфтам, ки:

-Фардо соати 10 ман ин мақоларо тайёр карда мебиёрам, оё шумо ба кор мебиёед ба идораи “Литературная газета”? Мудир гуфт, ки:

-Мақоларо омода карда биёред, ман ҳам мебиём.

Ба хона омадам. Ба писарам Анвар гуфтам:

-Мумкин аст, ки ман туро соати 3-и саҳар бедор кунам ва ту мақолаи маро дар мошинка мошиннавис бикунӣ? Анвар розӣ шуд, ки барвақттар бихезад. Ман чӣ коре, ки лозим буд, якяк анҷом додам. Гӯё мақола дубора навишта шуд.
Дигаргуниҳо шуд, гапҳо пасу пеш шуд ва ҳоказо.
Аммо дар асл матни умумӣ дигар нашудааст, таъйир наёфтааст. Расо соати 3-и саҳар ман ислоҳи мақоларо ба охир расондам. Анварро бедор кардам ва ӯ мақоларо дар мошинка чоп кард.

Соати нуҳи пагоҳӣ газета омада дидам, ки мудир нест. Андак мунтазир истодем, наомад. Аз рафиқони ҳамкораш илтимос кардам, ки як телефон кунанд. Оқибат аъзои кормандони шуъба маслиҳат карданд, ки занг бизананд ба хонаи мудир, ки:

пешина
аз 117
навбатӣ