Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

- Мудир, имрӯз ба кор боз фалонӣ, ки дирӯз мақола оварда буд ва имрӯз овардаст ин ҷо мунтазири шумо ҳаст, чӣ кор кунад? Рафиқон телефон карданд, ба ӯ гуфтанд. Мудир гуфт:
-Ҳозир мебиём, мунтазир истад муаллифи мақола.
Мудир пайдо шуд, омад, мақолаи маро гирифт. Зуд варақ зад ва гуфт:
-Қобили қабул аст. Ман эроде надорам, лекин мақола бояд аз ду “редколлегия” гузарад. Ду “редколлегия” ҳаст, яке “редколлегия”-и шуъбаи адабиёти халқҳои Шӯравӣ ин мақоларо як-як мебинанд. Маъқул шавад, иҷозат медиҳанд барои чоп. Боз “редколлегия”-и калон ҳаст, умумӣ. Он ҷо боз ҳам одам бисёртар, одамҳои он ҷо ҳам як-як мебинанд. Лекин ман кӯшиш мекунам, ки гузарад.
Ман шумораи баъдии газетро гирифта дидам,
ки чоп нашудааст. Телефон кардам ба он мудири шуъба.
-Боке нест, натавонистем, ки дар ин шумора ҷой бидиҳем, ҷой набуд, лекин ман коре мекунам, ки дар шумораи оянда ҳатман чоп шавад. Мунтазири чопи шумораи ояндаи “Литературная газета” бошед. Шумораи дигари “Литературная газета” омад, боз дидам, ки мақолаи ман чоп нашудааст.
Боз телефон кардам ба мудир. Гуфт, ки:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё