Зеҳн
Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 117 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

“Литературная газета” бурдам. “Литературная газета” рӯҳияи демократӣ дошт. Хеле паҳлуҳои муҳимми ҷомеаро зуд мебардоштанд ва барои дуруст ҳал шудани он кӯшиш мекарданд. Аммо бо ин ҳол барои чопи мақолаи ман дар шубҳа монданд. Гуфтанд, ки:

-Андак нарм кунем, то имкони чоп фароҳам шавад.
Мухолифат кардам. Банда исрор намудам, ки ҳамон чизе, ки ҳаст, чоп кунанд. Маро назди мудир равон карданд. Мудири газета мақолаи манро гирифту зуд як чашм давонд ва гуфт:

  • Мумкин аст, ки мо бигирем, лекин ду саҳифаи аввали онро партофтан лозим. Ин корро зуд иҷро кун, биёр, чоп мекунем. Гуфтам:

  • Ман ин корро зуд иҷро карда наметавонам. Ду моҳ аст, ки ман дур аз Душанбе гаштаам, пасфардо бояд Душанбе равам, билетам дар дастам. Ҳама корҳоям зарурӣ, овора мешавам ва барои ислоҳи ин мақола вақт кам мемонад. Агар мумкин бошад гуфтам, ҳамин суханҳоеро, ки ту гуфтӣ, аз ҳамин нуқтаи назар мақолаи маро ислоҳ кунед. Мудир гуфт, ки:

-На, ман ё яке аз коргарони мо як калимаи ин
мақоларо наметавонад дигар кунад. Агар
“Литературная газета” ба муқобили шумо коре

пешина
аз 117
навбатӣ