Зеҳн
Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 117 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

бораи таълими забони тоҷикӣ. Дар бораи ин, ки ин забони бузурги тоҷикии мо дуруст таълим дода намешавад. Донишҷӯ дар мактабҳои олӣ аз ин забони бузург баҳра нагирифта меравад, чаласавод, нимсавод. Савияи саводи аҳли ҷомеа паст аст.
Ҷомеаи тоҷикон ҷомеаи камсаводон аст.

Номи мақола “Ҳукумати асрҳо”. Сеюм як мақола низ ба забони русӣ бо номи “ Дузабонӣ ё безабонӣ” буд. Ҳамон дузабоние, ки дар тамоми СССР ташвиқу тарғиб мешуд, ки гӯё ҳама халқҳо дузабон бошанд, на танҳо забони худ, балки забони русиро низ донанд. Дар бораи гузориши ин масъала, дар бораи ин масъаларо чӣ тур бояд ҳал кард, тавре ки бар зарари забони миллӣ набошад, баҳс кардам. Албатта ҷои шакку шубҳа нест, ки ҳар кас аз мардуми Шӯравӣ, ҳар як нафар на танҳо забони миллии худро донад, балки забони русиро донистан лозим, дигар забонҳои хориҷиро донистан лозим аст, лекин гап дар ин, ки чӣ хел донистан лозим? Ба ҷои забони худ забони дигарро аз худ кардан лозим аст? Забони русиро масалан ба ҷои забони худ истифода, ба кор гирифтан лозим аст? Ё чӣ тавр? Ин муҳтавои мақолаи сеюм буд.

Ҳамин, ки сиҳат шудам, аз касалхона берун омада, ин мақолаҳоро гирифта Маскав рафтам.
Мақолаи якумро, ки дар бораи забони адабӣ буд, ба

пешина
аз 117
навбатӣ