Зеҳн
Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 117 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

хеле ба ташвиш оварда буд. Даву ғеҷ шурӯъ карданд, вале натиҷаи он ҳанӯз маълум набуд. Он гоҳ, ки дар Кишинёв будам, андак камкор будам ва дар айни замон дар бораи муборизае, ки дар ҷумҳуриҳои гуногун барои давлатӣ шудани забони миллӣ меравад, дар даст маводи муҳим доштам. Аз мубоҳисаҳое, ки дар Душанбе дар Тоҷикистон давом дорад, аз мубоҳисаҳое, ки дар Молдавия идома дорад ва дар пеши назари худам сурат мегирифт, аз муборизаҳои мардуми ҷумҳурии Эстония ва баъзе ҷойҳои дигар андак маводу маълумот дар даст доштам.

Дар ибтидои соли 1988 банда бемор шудам ва барои якумин бор дар умрам дар касалхонаи ҳукуматӣ бистарӣ шудам. Одати касалхонаи ҳукуматӣ ин будааст, ки муҳлати муолиҷаро 24 рӯз таъйин мекардаанд ва маро 24 рӯз он ҷо нигоҳ доштанд. Айни вақти серкорӣ буд. Банда имкон надоштам, ки 24 рӯз бихобам, вале лозим омад, ки бихобам. Пас қарор додам, ки мақола менависам.
Аз ин беҳтар вақт, имкон, ки кайҳо боз орзу дорам, нест.

Се мақола навиштам ба забони русӣ. Яке дар
бораи аҳволи забони адабии тоҷикӣ. Номи мақола
“Тот кто слабен в собственном языке”, (“Ҳар кас ба
забони хештан дармонад”). Мақолаи дуюм дар

пешина
аз 117
навбатӣ