Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

карда буд. Ман на як бор, балки чанд суханронии ӯро дидаву шунида будам. Мисол овард, ки дар шаҳри Фрунзе, Бишкеки имрӯза пойтахти Қирғизистон, ҳамагӣ як мактаби қирғизӣ боқӣ мондааст, ки ба он мактаб ҳам аз дигар мактабҳо кадом бачаеро, ки берун ронанд, беистеъдод бошаду хонда натавонад, ба ҳамин мактаби қирғизӣ меоранд. Чингиз Айтматов ин гуна гапҳоро хеле боалам мегуфт.
Аз Ҷумҳурии Молдавия бисёр шикоят мекарданд, аз ин, ки хаташон дигар шудааст.
Хаташон лотинӣ буд, кириллӣ шудааст. Хати аслии онҳо лотинӣ асту барои онҳо хеле муҳим ҳамон хати лотинӣ аст. Бисёр, аз ҳад зиёд намояндагони ҷумҳуриҳои лаби Балтика, хусусан Эстония.
Аҳволи забони миллии онҳо нисбат ба аҳволи забони миллии тоҷикии мо беҳтар буд, аз гапҳояшон маълум мешуд, ки беҳтар будааст.
Лекин бо вуҷуди он онҳо камбуди бисёре аз фаъолияти иҷтимоии забони миллӣ эҳсос мекарданд ва забони миллии худро бисёр талаб мекарданд.
Ҳар вақте ки ҳуқуқҳои қонунии забони
миллӣ баргардонда шавад, дар ҳар ҷумҳурӣ бояд
пурра, мукаммалан амал кунад, фаъолият кунад, он
гоҳ тараққӣ мекунад. Агар фаъолият накунад, амал

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё