Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

аҳволи забони миллии халқҳои СССР нахуст дар баъзе маҷлисҳои Маскав бардошта шуд. Дар маҷлисҳое, ки дар Иттифоқи Нависандагони СССР, дар Институти Адабиёти ҷаҳон, дар Институти Шарқшиносӣ, дар идораҳои рӯзномаҳо, маҷаллаҳо ва баъзе ҷойҳои дигар барпо мегардид, мардум аз аҳволи табоҳи забонҳои миллӣ сухан оғоз карданд. Сухан аз ин оғоз карданд, ки дар ҷумҳуриҳо вазъи забони миллӣ хеле бад аст.
Забони миллӣ аз инкишоф, аз тараққӣ бозмондааст, хеле хароб шудааст, оҷизу нотавон шудааст. Дар зери фишори пурзӯри забони русӣ қарор ёфтааст.
Дар ҳама ҷо забони русӣ ҳукмрон аст. Аммо забони миллии ҳар ҷумҳурӣ аз иҷрои вазифаҳои иҷтимоии худ маҳрум мондааст. Вазифаҳои иҷтимоии худро иҷро карда наметавонад. Аз ҳуқуқҳо маҳрум аст, амал намекунад, вазифаи худро иҷро намекунад. Ба таъбири дигар пасмонда, бознишаста, харобу афгор аст.
Дар ин бора дар маҷлисҳо баъзе суханҳои аҷиб гуфта мешуд. Мисолҳои барҷаста оварда мешуд. Дар бораи фарҳанги миллӣ, дар бораи забони адабии халқҳо академик Лихачёв бисёр суханҳои аҷиб мегуфт. Якумин бор, ҳамон вақтҳо суханронии ӯро чанд бор дар Маскав шунидам.
Суханҳои ӯ таъсири амиқе дар дили ман гузоштанд.
Дар он ҷамъомадҳо Чингиз Айтматов суханронӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё