Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

баъзе лаҳзаҳоеро аз ҳаёти худам, аз ширкати худам дар он муборизаҳо баён кунам.
Дар он муборизаҳо дар Тоҷикистони мо бисёре иштирок карда буданд. Дар байни он иштирокдорон одамони машҳури соҳаи фарҳанг, адабиёт, санъат, матбуот мавҷуд буданд. Ғайр аз ин дар ин мубориза гурӯҳи калони одамони одӣ, муаллимони қишлоқ иштирок кардаанд. Он иштироккардаҳо бешуморанд. Ёдашон ба хайр!
Фақат баъзеи онҳо имрӯз бо мо қадам мегузоранд.
Ман дар бораи ҳамаи онҳо ё ин ки баъзеи онҳо ин ҷо ҳикоя карда наметавонам.
Фақат он чиро, ки худам медонам, беҳтар медонам, он чиро, ки ба худам дахл дошт, он кореро, ки ба худи ман супурда буданд, то иҷро кунам, баъзе чизҳоро ёдовар мешаваму бас.
Масъалаи забонҳои миллии ҷумҳуриҳои
собиқ Шӯравӣ дар замони зуҳури Горбачёв ба миён
омад. Ҳамин ки Горбачёв ошкорбаёнӣ эълон кард,
то мардум ошкоро гап зананд, камбудҳоро гӯянд,
мақсадҳоро равшан баён кунанд ва ҳоказо. Ҳама
мардуми Советӣ мунтазири чунин ишорае буданд,
бинобар ин дар ҳама соҳаҳои гуногуни ҳаёт
ошкорбаёнӣ шурӯъ шуд, аз ҷумла дар бораи аҳволи
забони миллии халқҳои собиқ Шӯравӣ дар
ҷумҳуриҳои иттифоқӣ. Аввалин бор масъалаи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё