Зеҳн
Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 117 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

накунад, бекор истад, ин забон оқибат нест мешавад. Чизе, ки амал намекунад, кор намекунад, ба ягон кор даркор нест, оқибат нест мешавад.
Забони миллӣ ҳам ба ҳамин роҳ рафта истодааст.
Мисолҳои бисёре оварда шуд, ки солҳои ҳокимияти Шӯравӣ чандин забон аз байн рафтааст. Аз забонҳои халқҳои хурд, ки забонашон чандон қавию тавоно набудааст ё ин ки қавию тавоно бошад ҳам, азбаски худи ин халқ кам будаасту дар байни халқҳои дигар мондааст, дар натиҷа кам-кам забонаш аз байн рафтааст. Рақамҳои аҷибе дар матбуоти он солҳо дар Маскав чоп шуд. Баъзе он рақамҳоро ман дар баъзе мақолаҳоям навиштаам.

Ҳамин тавр муборизаи зидди беҳуқуқии
забони миллӣ, муборизаи ҳифзи забон аз Маскав
сар шуд. Дар доираҳои демократии Маскав аз
тарафи намояндагони ҷумҳуриҳои гуногуни собиқ
Шӯравӣ бардошта шуд. Ин дар ҳақиқат як
мубориза буд. Муборизаи сахте буд, ки дар
Иттиҳоди Шӯравӣ назир надошт. Ман он
суханрониҳоро гӯш мекардаму дар бораи забони
худамон, дар бораи аҳволи забони форсӣ-тоҷикии
Тоҷикистонамон фикр мекардам, ки ин забон, ин
забони бузург, забони ҳазорсола, таърихи
ҳазоронсола дошта, дар ин муддати таърихи тӯлонӣ
сарватҳои олиҷаноб ҷамъ овардааст, вале имрӯз он
сарватҳоро ҳеҷ кас намедонад, он сарватҳо

пешина
аз 117
навбатӣ