Зеҳн
Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 117 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Вақтатро бисёр мегирад, фикратро ба худаш банд мекунад. Ӯ ҷавоб дод:

-Не, ман вақтҳои бекорӣ, вақтҳои истироҳат ин корро мекунам. Тарҷумаи ин китоб барои ман мисли истироҳат аст.

Тобистон, вақте ки омад, рисоларо овард.
Дидам, ки ба охир расонидааст. Рисолаи калон набудааст. Аз ман илтимос кард, ки ман корашро як бинам, баъзе ҷойҳо суол ҳаст, суолҳоро ҳал кунем.
Банда албатта розӣ шудам. Мо бо ҳам шишта, тарҷумаи русии Рустамро ба асли форсӣ ҷумла ба ҷумла, калима ба калима муқоиса кардем аз аввал то охири китоб. Ҳама суолҳо ҳам ҳал шуд, иштибоҳҳо ислоҳ шуд. Вақте ки кор ба охир расид, Рустамҷонамро офарин гуфтам. Хуб анҷом додааст.
Кори душвор, ҳамин қадар душвор, ки ҳаргиз барои донишҷӯи курси сеюм имконпазир набуд, аммо ӯ анҷом додааст ва хуб ҳам анҷом додааст. Баъд ба ӯ гуфтам:

-Акнун ин тарҷумаро бояд ба мутахасисҳо нишон дод. Мутахасисони таърихи фалсафа бояд бинанд ва гӯянд, ки то чи андоза дуруст аст ин тарҷумаи ту. Ба кор меояд ё ба кор намеояд?

пешина
аз 117
навбатӣ