Зеҳн
Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 117 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Рустам ба ин гуфтаи банда амал кард. Бурда ба мутахасисон нишон дод Рустам. Як дафъа омада мегуфт, ки:

-Маъқул шуд, эроде, ки буд, суоле, ки буд, ҳал кардем. Ин тавр аз назари мутахассисон гузаронидани тарҷума якчанд сол давом кард. Баъд аз хатми донишгоҳ ин тарҷумаашро дар Маскав ба чоп дод.

Ба ин фарзандҳо ёд додани забони тоҷикӣ он қадар душвор буд, хеле душвор. Чӣ тур инҳо ин қадар ин забонро ёд мегиранд? Албатта ин ҷо кӯшишу ғайрати худашон. Аз ман забони тоҷикӣ омӯхтанашон аз рӯи маҷбурият набудааст. Падар маҷбур карда истодааст ё маҷбуран ёд гирифтан лозим? На, хоҳиши худашон ҳам будааст. Худашон ҳам меҳр доштаанд, то ин ки баъдтар ҳатто баъди хатми донишгоҳ низ махсус вақт ҷудо мекарданду махсус матнҳо, китобҳои классикии форсиро мехонданд, форсии асрҳои гузашта.

Аз фарзандонам барои хуб ёд гирифтани забони тоҷикии форсӣ миннатдорам.

пешина
аз 117
навбатӣ