Зеҳн
Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 117 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ман дигар натавонист. Вақт гузашта буд. Ҳама вақт мегуфт, ки:

  • Баъд ёд мегирам, калон шавам, ёд мегирам.
    Ҳақиқатан баъд аз он ки калон шуд, худаш андакандак мустақилона забони тоҷикиро омӯхт. Лекин ихтисоси ӯ физика. Физика, математика, астрофизика ихтисосҳое ҳастанд, ки чандон донистани забони тоҷикиро талаб намекунанд.

Рустам низ ҳамчунин роҳеро гӯё тай кард.
Аввали забон бароварданаш ба ду забон гап мезад ва баъд, вақте ки дар мактаби ибтидоӣ мехонд, забони тоҷикиро аз банда ёд гирифт. Ҳарчанд ин таҳкурсӣ номустаҳкам буд, ба ҳар ҳол таҳкурсӣ ба вуҷуд оварда будааст. Рустам ҳам дар Донишгоҳи Давлатии Маскав донишҷӯй шуд, дар факултаи таърих, таърихи асрҳои миёна, ки он ҷо донистани забони тоҷикӣ зарур набуд. Лекин вақте ки Рустам донишҷӯи курси сеюм буд, рӯзе телефон карду гуфт:

-Ман як рисолаи фалсафии қарни сенздаҳро аз тоҷикӣ ба русӣ тарҷума карда истодаам. Ба ӯ гуфтам:

  • Тарҷумаи ин китобро ба ту кӣ фармудааст? Аз дарсат намон, ба имтиҳонат тайёрӣ сар кун.
пешина
аз 117
навбатӣ