Зеҳн
Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 117 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Мавзӯи тамоман тоҷикӣ. Шарифи мо аз аввали аспирантура се бор “Шоҳнома”-и Фирдавсиро хонд. Тамоман забони форсиро надонад ҳам, донед, ки ёд гирифт. Шариф корро аз ин сар кард, ки се бор “Шоҳнома”-ро хонд аз аввал то охир.
Луғатҳоро дар атроф монда, луғатномаҳо, фарҳангҳоро дид ва ба ин сурат се бор “Шоҳнома”- ро фаровард. Беҳтар аз ин магар имконе хоҳад буд?
Беҳтар аз хониши пай дар пайи забони форсии тоҷикӣ магар роҳи дигар ҳам мебошад, ки форсӣ ёд гирифтаву омӯхта шавад? Аз аввал, аз кӯдакӣ ворид шудан ба ҷаҳони “Шоҳнома”. Он ҳама меҳнатҳое, ки андак таҳкурсӣ ба вуҷуд оварда будааст, бисёр кумак кард, ба гунае, ки то ҳанӯз, то ҳол мавзӯъҳои ҳама китобҳояш ба Хуросон вобастагӣ дорад, он ҳам ба забони форсӣ, ба забони “Шоҳнома”.

Аммо Анвар Шукуров аз тоҷикӣ камтар
баҳравар шуд.Чаро? Чун он вақт, ки Анвар
якунимсола шуду вақти забон бароварданаш расид,
ман барои навиштани рисолаи номзадӣ ва ҳимояи
он яксола ба Маскав рафтам. Як соли дароз дар
Маскав будам. Вақте ки ман дар хона набудам, дар
Маскав будам, Анвар забон баровард ва албатта
фақат ба русӣ гап задан ёд гирифт. Вақте ки ман
омадаму хостам, ки акнун тоҷикӣ ҳам гап занад, бо

пешина
аз 117
навбатӣ