Зеҳн
Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 117 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

дорад, ки ман намедонам, омӯхта шудааст дар илм ё не? Ин гуна таҷрибаҳоро дар ҷойҳое чун Тоҷикистон дар амал татбиқ кардан лозим аст, зеро тифл аз аввали забон баровардан агар ба ду забон гап занад, кор осонтар мешавад. Баъд аз ин, ки фарзандонам ба синфи якум рафтанду ба забони русӣ мактаб мехонданд, забони тоҷикӣ ҳам дар хона гӯё забони мактабӣ шуда буд, чун хона ҳам то як андозае мактаб шуда буд ва мо дарси забони тоҷикӣ мехондем. Қисман то андозаи мактаб ва замони дарс дар мактаб мо дар хона ба забони тоҷикӣ дарс мехондем.

Инҳо, бачаҳои ман мактаби миёнаро, синфи даҳумро, ки тамом карданд, ҳар сеяшон ҳам барои таҳсили олӣ ба Маскав рафтанд. Ба “МГУ”(Донишгоҳи Давлатии Маскав).

Шариф ба факултаи санъатшиносӣ даромад.
Вақте ки дар Донишгоҳи Маскав таҳсил мекард, забони тоҷикӣ чандон лозимаш нашуд. Ҳама кор асосан ба забони русӣ буд. Лекин вақте ки донишгоҳро хатм кард, аспирантура дохил шуд ба Академияи Илмҳои Тоҷикистон Институти шарқшиносӣ, шароит фарқ кард. Писарам Шариф чун ба аспирантура даромад, мавзӯи рисолааш якумин миниатюраҳое, ки барои “Шоҳнома” кашидаанд, “Шоҳнома” ва миниатюраҳои он буд.

пешина
аз 117
навбатӣ