Зеҳн
Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 117 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

шеъри ишқӣ, ишқӣ. Вақте ки устод Айнӣ шеърҳои Лоҳутиро таъриф кард ва сарсухан навишт ба китоби Лоҳутӣ ва шеърҳои ӯро таъриф кард, ин шеърҳои ишқии ӯро низ дар назар дошт. Шеърҳои ишқии ӯро низ хеле баланд гузошт, хеле баланд баҳо дод. Акнун Раҳимӣ ба муқобили ҳамин шеърҳои ишқӣ, ки гӯё шеърро аз майдони инқилоб дур мебарад, баромадааст. Ҳатто дар ин шеър Раҳимӣ калимаи “револютсия”-ро ба шеър дохил кардааст. Калимаи “револютсия”-ро кам шоире тавонистааст ба шеър дохил кунад. Ҳама дар шеър револютсияро инқилоб гуфтаанд. Револютсияро баробар овардан бо он ҳиҷоҳои оҳанги шеъри арӯзӣ хеле душвор аст, аммо Раҳимӣ тавонистааст. Устод Лоҳутӣ чун шеъри Раҳимиро дидааст ва зуд пай бурдааст, ки Раҳимӣ ӯро-Лоҳутиро дар назар дорад ва Лоҳутиро мегӯяд, ки:

Шоири хушнавои мо, тарк бигӯ фасонаро.

Гӯё Лоҳутӣ афсонагӯйӣ мекунад. Албатта
устод Лоҳутӣ ба шӯр омада, зуд манзумае эҷод
кардааст ва чун таҳрири ин манзума ба охир расид,
ба Душанбе омадааст ба ҳама нависандаҳои
Тоҷикистон дар Иттифоқи нависандагон доду
фарёд бардошта, манзумаи худро, ки ҷавоби шеъри
Раҳимӣ буд, “Халқ ва ғазал” ном дошт, дар
маҷлисҳо хонд, дар маҷлисҳо ғазали ишқиро бисёр

пешина
аз 117
навбатӣ