Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

Соли 1937-ум терори сталинӣ ба дараҷаи олӣ расид. Ҳама зиёиёнро нест карданд. Тоҷикистон кишвари хурд буду нависанда ҳам надошт, бастакору санъаткори зиёде ҳам надошт. Роҳбарони сиёсӣ гӯйӣ, аз онҳо ҳам дар Тоҷикистон бисёр набуданд, кам буданд, вале ҳамин якчанд нафар, ки доштем, ҳаминҳо ҳам ё дар зиндон вафот карданд, ё дар яхзорҳои Сибир.
Қоида ҳамин буд, ки ягон рӯз рӯзнома ё ин ки дар ягон маҷлис як нависандаро танқид кунанд, ҳамон шаб ин нависандаро омада ба зиндон мебурданд. Ҳамон гапе, ки дар танқид гуфта шуд, сабаб мешуд, ки инро ҳабс кунанд.
Як рӯз дар Иттифоқи нависандагони
Тоҷикистон Раҳимиро сахт танқид кардаанд.
Ҳамин ки танқид ба охир расид, аз маҷлис баромада, рост ба вокзали Роҳи оҳан омад. Дид, ки қатораи Душанбе-Масква ба рафтан омодагӣ мебинад. Лекин дар дасти Раҳимӣ пули билети поезд набудааст. Чӣ кунад? Ба андеша монд ва дид, ки яке аз кондукторҳои андак солхӯрда, шахси меҳрубон менамояд. Ба ӯ мегӯяд:
-Маро имрӯз андак танқид кардаанд, бояд бигурезам. Пули билети то Когонро надорам. Оё наметавонӣ маро то Когон бебилет бибарӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё