Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

БА ТАНГ ОМАД ДИЛАМ 3 - ИН ЗИНДАГӢ,
АЙ МАРГ ҶАВЛОНЕ!

Бале, Аҳмад Зоҳир баъди паси сар кардани даврони барои ӯ хеле пуразияти Муҳаммад Довуд ғалабаи инқилоби Саврро бо роҳбарии Нурмуҳаммади Таракӣ хуш пазируфт. Анӯшервон боғбони боғи радио ва телевизиони Кобул дар сӯҳбат бо нависандаи ин сатрҳо гуфт, ки рӯзи дуввуми инқилоб Аҳмад Зоҳир баробари ба ҳавлии дафтари родию ворид шудан ӯро ба оғӯш гирифта мегӯяд:

-Инак замони шумо ранҷбарону заҳматкашон фаро
расид. Хуш бошеду шод монед!

Ӯ умедвор буд, ки ҳукумати нав ҳукумати ғамхори ранҷбарон хоҳад шуд. Дар таронаи он рӯзҳо ба ин муносибат сурудааш мегӯяд:

Ай ҳамватан, ай нирӯи боландаи ҷовид,
Хуш бош, ки боз ахтари омоли ту тобид.
Ай ранҷбар, ай кори ту созандаи даврон,
Даврон зи туву қудрати ҷовиди ту болид.

Вале бо гузашти айём беҳбудиеро дар аҳволи мардум ва авзои кишвар намебинад. Баръакс дар ин давра дар ин ва ё он гӯшаи мамлакат даргириҳо ба вуқӯъ мепайвандад.
Ин вазъият Аҳмад Зоҳирро ошуфтахотиру ноумед месозад ва ҳатто аз оқибати бади он мухотабонро дар суруди ба ин муносибат гуфтааш "Чӣ шуд, ки рехт ба ҳам боз ошёнай мо?", хушдор медиҳад:

пешина
аз 338
навбатӣ