Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа
Ҳамин тариқ кадоме аз ин ду фарзияи куштори Аҳмад Зоҳир ба ҳақиқат наздик аст? Фарзияи қасосгирии Холида ва ё фарзияи дар қатл даст доштани Ҳафибуллоҳ Амин ва домодаш? Ё шояд ҳар ду фарзия ҳам дуруст бошад? Ва ё омилони дигаре бо сабабҳои ба мо номаълум ин корро кардаанд? Чун шоҳиди асосӣ Маҳбубуллоҳ бо вуҷуди дар Кобул будан хомӯш аст ва то он даме, ки мақомоти дохила паи ифшои ин ҷиноят кӯшиш ба харҷ намедиҳанд, ба ин саволҳо посухи дақиқ гирифтан хеле мушкил аст.
Дар омади гап мегӯем, ки Маҳбубуллоҳ феълан дар хонаи хоҳараш, яъне зани Осиф, бародари Аҳмад Зоҳир, зиндагӣ мекунад ва дар ҳамон кате хобаст, ки 33 сол муқаддам Аҳмад Зоҳир хоб мекард. Баъди марги Осиф Маҳбубуллоҳ тарбияи ду хоҳарзодаи худро ба ӯҳда гирифтааст. Шояд ба хотири дар оила саробони ҷиянҳои Аҳмад Зоҳир буданаш касе аз хешовандони наздики Аҳмад Зоҳир ба ӯ даъвогар нест.
Ва аммо дар ин ҷо саволҳое ба миён омаданаш мумкин аст, ки оё Аҳмад Зоҳир даъвои сиёсатмадорӣ дошт, оё ӯ қудратталаб буд, аз ягон ҳизбе ҷонибдорӣ мекард? Бояд рӯирост гуфт, ки Аҳмад Зоҳир на сиёсатмадор буд, на қудратталаб ва на узви ягон ҳизбе. Вале ӯ як инсон буд, ба маънои томаш инсоне, ки дарду доғи ҷомеаро низ дар дил дошт...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё