Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

ФарҳангСанъат
Аз аввал хондан

"Танҳо садост, ки мемонад" ном дорад ва аз як муқаддимаи хеле кӯтоҳ ва асосан, матни 184 суруди ӯ иборат аст. Муаллифи муқаддима ва гирдоварандаи матнҳои сурудҳои Аҳмад Зоҳир Асадуллоҳи Софӣ мебошад. Ҳоло ман намехоҳам дар ин ҷо дар бораи ҳусну қубҳи ин китобҳо ҳарф бизанам. Дар ин бора ва китобҳои дигаре, ки баъди соли 2005 дар бораи Аҳмад Зоҳир чоп шудаанд, дар бобҳои оянда дар мавридаш сухан хоҳем гуфт. Дар ин ҷо мехоҳам дар хусуси баъзе аз мақолаҳое, ки дар матбуоти Тоҷикистон дар бораи ин овозхони маъруф навишта шудаанд, ёдовар шавам. Зеро дар Афғонистон чи дар замони дар қайди ҳаёт буданаш ва чи баъди маргаш ба ӯ ва эҷодиёти ӯ матбуоти даврагӣ он қадар таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир намекард. Чунки васоити ахбори умум дар замоне, ки ӯ маҳбубият касб карда буд, асосан дар таҳти контроли ҳизби халқӣ - демократӣ қарор дошт. Дар ин ҳизб дар он замон мисли солҳои бистуми Давлати Шӯравӣ, ақидае вуҷуд дошт, ки ашрофзодагон ё худ намояндагони қишри дар гузашта (замони феодалӣ) болоии ҷомеа дар замони нави сотсиалӣ набояд таблиғу ташвиқ шаванд. Аз ҳамин сабаб кам рӯзноманигор ё худ нависандае дар он замон ҷуръат мекард, ки дар бораи Аҳмад Зоҳир муфассал чизе бинависад. Ҳарчанд буданд нафарони шуҷоъ ва баъзе чизҳо ҳам навиштанд. Ин навиштаҳо, асосан, дар даврони баъди маргаш дар рӯзҳои ёдбуди солгарди вафоташ одатан ба нашр мерасиданд ва ёдномае беш нестанд.

Аҷибаш дар ҳамин буд, ки садои Аҳмад Зоҳирро чи
ҳизбӣ ва чи ғайриҳизбӣ, чи бой, чи камбағал чун оби чашмаи пок баробар дӯст медоштанд, ӯро ба тӯйҳои худ даъват мекарданд, кассетаҳояшро мехариданду ба дӯстони худ

пешина
аз 338
навбатӣ