Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

ФарҳангСанъат
Аз аввал хондан

аз ҳамин суруди Аҳмад Зоҳир таронаеро дар консертҳояш месарояд, ки вирди забони ҷавонҳои ин кишвар гаштааст.

Овозхони маъруфи туркман Бобомурод Ҳамдамов дар ҳар як консерти "зинда" -аш бо хондани таронае аз Аҳмад Зоҳир рӯҳи поки ӯро шод менамояд...

Бале, номашро медонанд, суруду оҳангҳояшро низ дӯст медоранду месароянд. Вале боз ҳам мебинем, ки дар баъзе аз навиштаҳо дарборааш суханҳое гуфта мешавад, ки натанҳо аз ҳақиқат дуранд, балки таҳқиромез низ ҳастанд. Баъзе аз чунин андешарониҳо дар нисбати ин фарзонаи ҳунари мусиқии Машриқзамин ҳатто дур аз одобу ахлоқи ҳамидаанд. Умуман, дар бораи Аҳмад Зоҳир чи дар зодгоҳаш Афғонистон ва чи дар кишварҳои ҳамзабонаш ба он тарзе, ки мебоистӣ мақолаву рисолаҳо ва китобҳо навишта нашудаанд ва нашр ҳам нагардидаанд. Ба ҳар ҳол то соли 2005 барои мо танҳо ду китобе маълум буд, ки яке соли 1992 дар Тоҷикистон ва дигаре соли 1995 дар Пешовари Покистон ба нашр расидаанд. Китоби аввал "Боз омадам" ном дошта, мураттибони он Ваҳҳоб Одина ва марҳум Абдуқаҳҳори Маҳмадалӣ мебошанд. Дар китоб дар баробари овардани матни 100 суруди Аҳмад Зоҳир инчунин чанде аз мақолаҳои муаллифони афғонӣ Азиз (Осуда Таҳмосӣ), Бабрак Эҳсос, Муҳиб Бориш ва журналистони тоҷик Салими Аюбзод, Амонбеки Шоҳзода низ дарҷ ёфтаанд. Кори дигари савоби мураттибони ин китоб он аст, ки дар маҷмӯа шеърҳои дар бораи ин овозхони беҳамто навиштаи баъзе аз шоирони тоҷик низ гирд оварда шудаанд.

Китобе, ки дар Покистон бо ҳуруфи арабӣ нашр гардидааст,

пешина
аз 338
навбатӣ