Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

ФарҳангСанъат
Аз аввал хондан

тӯҳфа мекарданд, ҳар як суруди навашро интизор мешуданд.

Дар замони ҳукумати муҷоҳиддин ҳам аҳвол аз ин беҳтар нашуд. Ҳарчанд китоби дар боло зикршуда дар ҳамин давра ба нашр расидаву дар ҳама ҷо озодона ба фурӯш бароварда шуда бошад ҳам, вале ба таҳқиқу таҳлили эҷодиёт, мактаби ҳунарии Аҳмад Зоҳир касе аҳамият намедод. Замоне, ки толипон дар Кобул ба сари қудрат омаданд, аҳвол боз бадтар шуд. Толипон баъди вуруд ба Кобул аввалин кореро, ки карданд, ин хароб кардани мақбараи ин Борбади асри мо буд. Баъд аз ин кӯшиш ба харҷ доданд, ки кассетаҳои таронаҳояшро аз байн бубаранд. Таи панҷ соли ҳукумати толипон касе ҳуқуқ надошт, ки дар манотиқи таҳти контроли онҳо мусиқӣ гӯш кунад, филм тамошо намояд. Барои ин кор ҷазо таъин карда буданд. Маъмулан толипон барои гӯш кардани кассетаҳои созу суруд ҷазои 15 рӯз маҳрум аз озодӣ таъин мекарданд. Вале агар кассетаҳои Аҳмад Зоҳир ва хонум Нағма ба дасташон меафтод, ба соҳибони онҳо ҷазои шадидтаре медоданд, яъне якмоҳӣ аз озодӣ маҳрум мекарданд. Маҳз дар ҳамин давра бисёр аз кассетаҳои Аҳмад Зоҳир ва овозхонҳои дигар низ аз байн бурда шуданд.

Баъди аз сари қудрат дур шудани толипон ва рӯи кор омадани ҳукумати муваққатӣ масъала як каме ранги дигар гирифт. Пеш аз ҳама мусиқӣ низ ба Кобул баргашт. Тамоми дӯконҳои фитафурӯшӣ дубора ба кор оғоз карданд. Дубора садои Аҳмад Зоҳир дар тамоми гӯшаву канори Афғонистон танинандоз шуд.

Бояд аз рӯи адолат бигӯем, ки берун аз Афғонистон, дар ҳиҷрат ҳам баъзе аз фарҳангдӯстони ин кишвар кӯшишҳо ба харҷ доданд, ки Аҳмад Зоҳири шодравон аз ёдҳо

пешина
аз 338
навбатӣ