Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

кард, ки онҳоро барои худ ба ҳайси як навъ қасам медонист, қасами буридан аз ҳамсари аввали худ, тарки оиладорӣ кардан бо ӯ. Сурудҳои "Намехоҳам туро, ай духти мағрур", "Бурида бод пои ман агар равад ба хонаат", дар ҳамин рӯзҳо эҷод шудаанд:

Бурида бод пои ман, агар равад ба хонааш,
Шикаста гардад он саре, ки хам шавад ба шонааш.
Қарор буд то абад вафо кунад ба ишқи ман,
Надонам, ай Худо, чӣ шуд қарори ҷовидонааш?
Агар биёяд ӯ фитад ба пои ман, ки раҳм кун,
Намениҳам дубора сар ба хоки остонааш.

Ҷудоӣ аз завҷаи нахустину фарзанди дилбандаш Рашод барои Аҳмад Зоҳир он замон бори гарон буд. Ва ин бори гарон оқибат дар ҳаёти минбаъдаи ӯ таъсири манфӣ гузошт. Ба ҳар ҳол маҳз дар ҳамин давра Аҳмад Зоҳир ба мушкилоти боз бештаре дучор мегардад.

НА ДИЛ МАФТУНИ ДИЛБАНДЕ,
НА ҶОН МАДҲУШИ ДИЛХОҲЕ

Холида аз ҷумлаи он духтароне буд, ки на танҳо мафтуни садову таронаҳои Аҳмад Зоҳир, балки дар дил меҳру муҳаббати ӯро низ дер боз самимона мепарварид. Бо вуҷуди он, ки медонист овозхон зану фарзанд дорад ва онҳоро ҳам хеле дӯст медорад, орзуи ҳамсари Аҳмад Зоҳир шудан дар қалби ӯ сахт маскан гузида буд. Барои ба ин ҳадаф расидан Холида ба ҳар гуна корҳо қодир буд. Падараш Паргул Мангал (ба қавле шавҳари модараш) на танҳо соҳибмансаб, балки соҳиби обрӯву эътибори баланд низ

пешина
аз 338
навбатӣ