Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

ФарҳангСанъат
Аз аввал хондан

ту аз бистарам", "Ёр аз дили ман хабар надорад", "Имшаб ба қиссаи дили ман гӯш мекунӣ" маҳсули ана ҳамин рӯзҳои ҷудоӣ аз ҳамсари нахустинаш аст. Аз он ки таронаҳо аз умқи қалби овозхон берун шудаанд ва эҳсосоти ҳамон шабурӯзии Аҳмад Зоҳирро инъикос кардаанд, мо метавонем дарк бикунем, ки чӣ бори мушкилеро он замон ин хунёгари бузург ба дӯш доштааст. Албатта падару модари меҳрубонаш, дӯстону наздиконаш кӯшишҳо ба харҷ доданд, ки Ноҷия ба оғӯши оила баргардад. Вале мутаассифона, ҳама кӯшишҳо баръакс буданд. Аммо Аҳмад Зоҳир он замон гумон мекард, ки "ёр аз дили ӯ хабар надорад":

Ёр аз дили ман хабар надорад,
Ё оҳи дилам асар надорад.
Ё домани раҳми ту тилисм аст,
Ё нолаи ман шарар надорад.

Бинобар ин ӯ худ ба назди Ноҷия меравад ва бо нолаву зора ӯро ба хона баргардониданӣ мешавад. Вале он "духти мағрур" аз аспи ҷафо поин намешавад ва Аҳмад Зоҳир барояш мегӯяд:

Бозӣ ту кардӣ бо сарнавиштам,
Раҳме накардӣ, ман ноумедам.
Ҳаргиз дубора сӯят наоям,
Кардӣ ту помол ин сарнавиштам.
Рафтам зи кӯят бо чашми гирён,
Дигар наоям бо оҳу афғон.

Дар ҳақиқат, баъд аз ин Аҳмад Зоҳир таронаҳоеро эҷод

пешина
аз 338
навбатӣ