Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа
рӯ ба рӯ шудааст. Ӯ агарчӣ дар саҳна ҳамон Аҳмад Зоҳири зебо буд, ҳамон Аҳмад Зоҳири дилҳо буд, вале акнун ӯ дар хона Аҳмад Зоҳири танҳо шуд. Ёди завҷаи номеҳрубонаш, ёди он тифлаки дӯстрӯяш ӯро азият медоданд. Ӯ сӯзи ниҳонии худро ба панҷа задан ба рӯи тугмачаҳои ҳармония, ки ба дунбол навои ҳазину ҷигарсӯзе доштанд, таскин мебахшид:
Аввалин ишқам ту будӣ,
Охирин ишқам ту будӣ.
Рафтӣ аз ман дил гирифтӣ,
Бо гапи мардум намудӣ.
Дарду андӯҳам фузудӣ,
Дар сукути нимашабҳо,
Бо худам танҳо нишастам.
Нағмаи маргам сурудам,
Кош ҳаргиз ман набудам.
Кош ҳаргиз ман набудам.
Сурудхонӣ лаҳзае бошад ҳам ба ӯ оромӣ мебахшид. Вале боз вақте, ки худро миёни хонаи холӣ танҳо медид, боз ба ёди ёри сангиндилаш мегуфт:
Бӯи ту хезад ҳанӯз бӯи ту аз бистарам,
Ай лаби нӯшин, бимонд доғи ту дар пайкарам.
Дар ин давра Аҳмад Зоҳир бисёр кӯшиш кард, ки завҷаи дилозорашро ба хона баргардонаду оилаи худро аз шикаст, аз фурӯпошӣ наҷот бидиҳад. Таронаҳои "Бевафо ёрам", "Аввалин ишқам ту будӣ", "Бӯи ту хезад ҳанӯз, бӯи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё