Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

вазорати молияи Афғонистон ба муносибати ҷашни нахустин солгарди Инқилоби Савр барпо гардида буд, ҳузур дошт ва худ шоҳиди зиндаи ҳунарнамоии ин хунёгари бемисл шуд. Ба гуфтаи Салима Ваҳҳобзода баъди концерт, ки аз соати 10 шаб то 3 субҳ идома доштааст, духтарони зиёди ҳамкораш Аҳмад Зоҳирро иҳота намуда аз ӯ соядаст мегирифтанд. Он духтароне, ки бо худ дафтарча ё коғазе надоштанд, хоҳиш мекарданд, ки соядастро дар кафи дасти онҳо нависад. Аҳмад Зоҳир илтимоси онҳоро рад намекард. Салима Ваҳҳобзода ба ёд меорад, ки он духтарҳо ҳафтаҳо он дасти соядасти Аҳмад Зоҳир доштаи худро намешустанд то он соядаст аз кафи дасти онҳо зудуда нашавад. Ба ҳамин монанд даҳҳо қиссаҳои зиёде аз муносибати занҳо ба Аҳмад Зоҳир мавҷуд аст.

Табиист, ки Ночия аз ин хабару қиссаҳо беиттилоъ намемонд. Онҳо ҳатман ба гӯши ӯ низ мерасиданд. Баъзе рақибон ва онҳое, ки аз шӯҳрати рӯзафзуни ӯ, аз ҳунари волои ӯ, аз овози нотакрори ӯ, билохира аз зиндагонии ӯ ҳасад мебурданд, барои расонидани зарбаҳои рӯҳӣ ба Аҳмад Зоҳиру хонаводаи ӯ чӣ корҳоеро анҷом намедоданд, чӣ овозаҳоеро паҳн намекарданд!

Мутаассифона, Ночия - ҳамсари Аҳмад Зоҳир натавонист ба ҳамаи он санҷишҳои рӯзгори пӯлодчангол тоб биёрад, тоқат кунад. Тавсани рашку ғурурро мутеъ бисозад. Натавонист, ки ниҳоли умедашро аз чашмаи шикебой обёрӣ кунад ва аз тафбодҳои сӯзони рашк наҷоташ бидиҳад.

Билохира, соли 1973 ӯ Аҳмад Зоҳирро тарк кард ва Рашоди сесоларо низ бо худ бурд. Аҳмад Зоҳир, баъди рафтани Ночияву Рашод эҳсос кард, ки ба чӣ мушкилоте

пешина
аз 338
навбатӣ